Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Икром Субҳонзода: “Чиптаҳо фурӯхта шудаанд, парвозҳои чартерӣ афзоиш меёбанд”

© Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон чунучароҳои бозори парвозҳо ба Русия ва эҳтимоли қатъ шудани парвозҳо бо Туркияро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Мусофирине, ки аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд, аз гаронии қиматҳо ва бидуни ҳеҷ далел қатъ шудани бархе парвозҳо шикоят доранд.
Ҳамзамон ин нигарониҳо ба вуҷуд омадааст, ки дар пайи қатъи парвозҳо бо Туркия аз сӯи бархе кишварҳои хориҷӣ эҳтимоли баста шудани ин роҳ барои Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон ба ин мавзӯҳо равшанӣ андохт.
Аз мусофирон ба мо иттилоъ мерасад, ки бархе парвозҳои чартерӣ, бо ин вуҷуд ки чиптаҳояшон фурӯхта шудаанд, анҷом намешаванд. Масалан, рӯзи 15 апрел як парвоз бояд аз Хуҷанд ба шаҳри Сургути Русия анҷом мешуд, ки нашуд. Оё парвозҳои чартерӣ низ маҳдуд мешаванд?
- Тоҷикистон ҳама гуна парвозҳои чартериро ба Русия иҷоза додааст. Ягон монеа аз ҷониби мо нест. Ин ки ширкатҳо парвозашонро қатъ мекунанд ё ба рӯзи дигар мегузаронанд, масъулияти худашон ва танзими нодурусти корашон аст. Мо ҳеҷ гуна маҳдудиятеро барои парвозҳои чартерӣ халқ накардаем, балки ба тамоми онҳо саривақт иҷоза медиҳем.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Субҳонзода таъхири парвоз ба Русияро шарҳ доду гуфт, зарари мусофирон ҷуброн мешавад
Як мушкили мусофирон ин аст, ки бидуни асос – доштани иҷозаи муваққати зист (РВП), шаҳрвандии Русия, даъватнома ва ғайра, наметавонанд парвоз кунанд. Оё онҳое, ки асос надоранд, метавонанд парвоз кунанд?
- Ин масъала комилан ба салоҳияти ҷониби Русия аст. Аз мо вобастагӣ надорад.
Парвозҳои мунтазам аз 1 апрел шурӯъ шуда буданд. Мусофирон аз ин шикоят доранд, ки наметавонанд барои онҳо чипта пайдо кунанд. Дар авиакассаҳо мегӯянд, ки тамоми чиптаҳо фурӯхта шудааст. Дар асл чӣ гап аст?
- Ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба – як парвоз аз сӯи “Сомон Эйр” дар рӯзи сешанбе ва як парвози дигар аз сӯи ширкати “Ют Эйр” дар рӯзи ҷумъа – тибқи ҷадвал анҷом мешаванд. Ягон монеа барои харидории чипта нест. Аммо азбаски талабот зиёд аст, дар ҳоли ҳозир, тамоми чиптаҳо барои моҳҳои май ва июн фурӯхта шудаанд. Аммо ҳамарӯза ду парвози чартерӣ ба самти Маскав анҷом мешавад.
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвоз ба Кӯлоб иҷозат гирифт
Аммо парвозҳои чартерӣ хеле гаронанд. Ҳатто баъзан як чипта аз 10 ҳазор сомонӣ бештар фурӯхта мешавад. Оё имкони зиёд кардани онҳо ва поён овардани нархи чиптаҳо ҳаст?
- Агар дар ёд дошта бошед, дар гузашта, нархи як чипта барои парвози чартерӣ ҳатто ба 15 ҳазор сомонӣ расида буд. Ҳоло талоши мо бар ин аст, ки теъдоди чунин парвозҳоро афзоиш дода, нархро низ поён орем, ҳадди ақал ба 6 – 7 ҳазор сомонӣ.
Оё имкони зиёд кардани парвозҳои мунтазам нест?
- Мо ҳанӯз моҳи июни соли гузашта эълом дошта будем, ки омодаем тамоми парвозҳоро бо Русия барқарор кунем. Аммо ҳарфи охир ба ҷониби Русия аст, ки чунин имконро дорад ё не. Он кишвар ҳам вобаста ба имкониятҳои худ дар пазириши мусофирин аз кишварҳои хориҷӣ тасмим мегирад. Расмиёти қабулу гусели мусофирин дар фурудгоҳҳои Русия вақти зиёдро талаб мекунад. Аз ин хотир, дар ҳоли ҳозир фақат парвозҳо бо Маскавро иҷоза дод. Умедворем, ки ба ҳамин зудиҳо вазъ тағйир меёбад.
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Вуруд ба Русия: шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд
Қаблан Русия аз 15 апрел то 1 июн парвозҳо ба Туркия ва Танзанияро ба ин далел, ки дар он кишварҳо гирифторӣ ба “вируси корона” зиёд шудааст ва ҳам навъҳои нави ин вирус ошкор шудаанд, қатъ кард. Миёни Тоҷикистону Туркия низ парвозҳо анҷом мешаванд. Оё ин парвозҳо қатъ хоҳанд шуд?
- Қарори қатъ ё барқарор намудани парвозҳо дар давраи пандемия аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии коронавируси Ковид-19, ки роҳбариашро муҳтарам сарвазири Тоҷикистон ба зимма доранд, қабул мешавад. Айни замон қарори қатъи парвозҳо миёни Душанбеву Истамбул содир нашудааст. Парвозҳо, тибқи маъмул, дар як ҳафта чор маротиба – ду парвоз аз сӯи “Сомон Эйр” ва ду парвоз аз сӯи “Turkish Airlines”
– анҷом мешаванд. Дар сурати қабул шудани қарор аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявӣ Агентии авиатсияи гражданӣ ба қатъ ё кам кардани парвозҳо иқдом мекунад. Айни замон, чунин як қарор содир нашудааст ва анҷоми парвозҳо идома дорад.
Аммо хатар боқӣ мемонад. Барои ҷилавгирӣ аз он чӣ кор мекунед?
Назорати вазъи санитарию эпидемиологиро ҷиддӣ мегирем. Тибқи талабот ва тартиботи ҷорӣ ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ дар давраи пандемия вазифадор аст, ки ҳатман талаботи санитарию беҳдоштиро риоя намояд.
Пеш аз фурӯши чипта ва бақайдгириву роҳ додан ба ҳавопаймо ҳатман аз мусофир маълумотномаи тиббии ташхиси тариқи ПСР гузаронидашударо талаб кунанд. Агар ташхис манфӣ аст, баъд аз он мусофир ба ҳавопаймо роҳ дода мешавад.
Инчунин вақте мусофир вориди Тоҷикистон шуд, сохторҳои тандурустии мо боз тестҳои иловагӣ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала