Куба номи ваксинаи зиддикоронаии худро Абдулло гузошт

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Куба ба тозагӣ аз вуруди дуввумин ваксинаи коронаии тавлиди ин кишвар ба марҳалаи ниҳоии мутолеоти болинӣ хабар дода, ки номи ин ваксина Абдулло аст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Қарор аст, ҳудуди 48 ҳазор довталаби 19 то 80 сол дар мутолеи болинии ин ваксина ширкат кунанд ва нахустин натоиҷи он дар август мунташир хоҳад шуд, иттилоъ додааст "Парстудей".
Номи Абдулло рӯи ин ваксина тааҷҷуби бисёреро барангехта, ки чаро кишваре коммунистӣ дар Амрикои Лотин барои ваксинаи тавлидии худ номи арабӣ-исломии Абдуллоро баргузидааст?!
Куба ҳамакнун дар ҳоли тавлиди 5 ваксинаи корона аст ва номи ин ваксинаҳоро бар асоси шахсиятҳои инқилобӣ ва рӯҳиёти меҳанпарастона интихоб кардааст.
Се ваксинаи ин кишвар Субрана 1, Субрана 2 ва Субрана Плюс ном дорад, ки дар забони испанияӣ ба маънои муқтадир аст.
Мусульмане молятся в ожидании появления луны, знаменующей начало священного месяца Рамадан, на набережной в Кейптауне, Южная Африка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Шӯрои уламои Тоҷикистон: ваксина рӯзаро намешиканад
Ҳамчунин номи ваксинаи Мембиса аз номи яке аз қаҳрамонҳои ҷангҳои истиқлоли Куба гирифта шудааст.
Абдулло низ номи як намоишномаи ҳамосии навиштаи Хузе Мартин, қаҳрамони миллии ин кишвар аст.
Дар ин намоишнома Абдулло, ҷангҷуи арабест, ки дар кишваре хаёлӣ ба номи Нубиа бо ишғолгарони хориҷӣ набард мекунад.
Куба, ки таҷрубаи зиёде дар сохту содироти анвои ваксинаҳо дорад, яке аз кишварҳоест, ки ҳануз ваксинаи коронаро оғоз накардааст ва қасд дорад, мардумашро бо ваксинаҳои коронаии сохти худ ваксина кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала