Муфтӣ: кумак намоед то ҳузури муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия қонунӣ шавад

© Sputnik / Константин Родиков / Гузариш ба медиабонкРейд миграционного патруля в Москве
Рейд миграционного патруля в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Обуна шудан
Барои ҳузури қонунии муҳоҷирон дар Русия, бояд роҳи берун рафтану дубора ворид шудани онҳо ба хоки Русияро ташкил намоянд, мегӯяд муфтӣ Албир Крганов
ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия ва коршиносон зарур аст, ки ташкили роҳи баромадан ва вуруди садҳо ҳазор муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Русия баррасӣ намоянд, таъкид доштааст ба РИА Новости муфтӣ Албир Крганов, роҳбари Маҷлиси рӯҳониёни мусалмонони Русия.
Вай инчунин илова кард, ки коршиносон ҳарчи зудтар масъалаи афви онҳоро барои ҷиноятҳои сабук баррасӣ намоянд.
"Барои муҳоҷирон ташкили роҳҳои баромадан ва вуруд ба хоки Русия лозим аст, аз ҷумла то замоне, ки онҳо қонунӣ шаванд. Ҳоло ин мушкил аст. Чунки, барои мисол, чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Русия то моҳи декабр харида шуданд. Ҳатто барои бисёриҳо чиптаҳои қатора низ гарон аст", - гуфт Крганов.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони динӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, коршиносон ва намояндагони кишварҳое, ки муҳоҷирони онҳо дар қаламави Русия ҳузур доранд, "бояд якҷоя андеша кунанд, ки чӣ гуна як шахси оддиро барои берун рафтанаш аз хокуи Русия ва дубора баргаштанаш ба ин кишвар ва қонунигардонии ӯ кумак намоянд."
Валентина Ивановна Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Матвиенко аз зарурати марзкушоӣ ва ҷалби муҳоҷирон гуфт - видео
"Агар дар рӯзҳои наздик мушкилоти нақлиётӣ барои садҳо ҳазор муҳоҷирон ҳалли худро наёбад, пас афв метавонад кумак расонад. Бисёре аз коршиносон ҳоло пешниҳод мекунанд, ки барои қонуншиканиҳои сабук барои муҳоҷирон афви комил ҷорӣ карда шавад. Мисли ҳозира: чанд ҷаримаи маъмурӣ - онҳо метавон аз кишвар ронда шаванд", - шарҳ дод Крганов.
Ба ҳар сурат, ба гуфтаи муфтӣ як андешаи умумӣ вуҷуд дорад, ки "муҳоҷирон бояд дар қаламрави Русия қонунӣ карда шаванд, барои ин ҳама шароитҳо мавҷуданд ва мо албатта, муҳоҷиронро ба ин бовар мекунонем."
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2020 Маҷлиси рӯҳониёни мусалмонони Русия Маркази ҳифзи ҳуқуқ ва мутобиқсозии фарҳангии муҳоҷирон таъсис доданд. Инчунин барои муҳоҷирон телефони боварӣ ҳам фаъол аст. Дар доираи лоиҳа, ин маҷлис сомонаи чандзабонаи Rosmigrant.rf роҳандозӣ кард, ки дар он иттилоот дар мавзӯи муҳоҷират мавҷуд аст.
Первый заместитель министра внутренних дел РФ Александр Горовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн
Муфтӣ қаблан қайд карда буд, ки Маҷлис бо созмонҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, Вазорати корҳои дохилӣ, ки ин лоиҳаро низ дастгирӣ кардаанд, "ва дигар шӯъбаҳо" бо мақсади зуд вокуниш нишон додан ба ҳодисаҳои минтақаҳо ва кӯмак ба мардум "ҳамкорӣ мекунад".
Ёдрас мешавем, ки ахиран муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод давлатҳои мустақил аз кишварҳои ҳамсуд талаб кард, ки шаҳрвандонашон, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, то 15 июн ин кишварро тарк намоянд.
Вай афзуд, ки агар шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ то 15 июн коҳиш наёбад, пас ин афрод ихроҷ ва барои онҳо марзҳо баста мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0