Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - видео

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Обуна шудан
Дар деҳаи наздисарҳадии Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара байни сокинони тоҷику қирғиз муноқиша сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, муноқиша дар заминаи тақсимоти об ба вуҷуд омадааст.
Манбаъ таъкид кард, ки ҷониби Қирғизистон ба таври худсарона ба сохтани пул дар сохтори асосии тақсимоти оби рӯдхонаи Исфаринка дар шаҳраки Шар-Шара шурӯъ кард.
“Ин заминҳо ба Тоҷикистон тааллуқ доранд ва сокинон ба ин кор мухолифат карданд. Дар натиҷа, муноқиша ба амал омад. Ҳоло ин минтақа таҳти назорати марзбонон қарор дорад”, - гуфт манбаъ.
Баъд аз сар задани муноқиша, фавран мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони минтақа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ,айни замон, музокирот миёни ду тараф идома дорад. Рухдоди ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳар ду кишвар баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин манбаъ таъкид дошт, ки барои ором кардани вазъ дар ин минтақа ҳаракат дар роҳи Исфара-Ворух қисман маҳдуд шуда буд, аммо ҳоло роҳ боз шуда, ҳаракати мошинҳо низ барқарор шудааст.
Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки барои авҷ нагирифтани муноқиша дар ин минтақа мақомотҳои қудратии ду кишвар ба ҷои ҳодиса низомиёнро сафарбар намуданд, то бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.
Лентаи хабарҳо
0