Даромади яксолаи Путин маълум шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Обуна шудан
Даромади Президенти Русия Владимир Путин дар соли гузашта 9,994 миллион рублро ташкил додааст, ки нисбат ба даромади як соли пеш қариб 270 ҳазор зиёдтар будааст
ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Ахиран раисҷумҳури Русия санади даромади худро нашр кардааст. Санади даромад, хароҷот, амвол ва ӯҳдадориҳои амволи роҳбари давлат дар соли 2020 дар сомонаи Кремл нашр шудааст.
Мисли пештара, дар ин санад Путин як манзил бо масоҳати 77 метри мураббаъ ва гараж сабт шудааст. Ҳамзамон Путин дар истифодаи худ - як хонаи дигар бо масоҳати 153,7 метри мураббаъ бо майдони гаражи 18 метри мураббаъ дорад. Инчунин, ду мошин, ГАЗ М21 ва Нива ва як прицепи Skif сабт намудааст.
Дар соли 2019 даромади Путин 9 миллиону 726 миллион рублро ташкил медод ва дар соли 2018 даромади президенти Русия 8,688 миллион рублро ташкил медод.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Путин дар бораи вазъи саломатиаш пас аз ваксинагирӣ гуфт
Дар соли 2017 Путин 18,7 миллион рубл даромад гирифта буд. Дар охири сол маълум шуд, ки ӯ дигар қитъаи замини 1,5 ҳазор метри мураббаъро дар ихтиёр надорад - президент онро фурӯхт ва ин боиси афзоиши даромади ӯ дар ин давра гардид.
Дар солҳои 2016 ва 2015 даромади Путин тақрибан яксон буд - тақрибан 8,9 миллион рубл ва дар соли 2014 даромади раисҷумҳури Русия 7,654 миллион рублро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0