Рухдоди боз як садамаи нақлиётӣ дар назди Идораи БДА-и Суғд - акс

© SputnikСотрудники ГАИ города Худжанд
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Дар шаҳри Хуҷанд воқеъ дар назди Идораи БДА вилояти Суғд боз як садамаи нақлиётӣ рух додааст. Дар ҷойи воқеа кормандони БДА ҳозир шуда, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Тавре аз аксҳое, ки хонандаҳо барои Sputnik Тоҷикистон ирсол намуданд, бар асари ин ҳодиса автомашинаи тамғаи “Nexia” аз пушт шикаста, корношоям шудааст.
Дар бораи осеб дидани мусофирони дохили он ҳоло чизе гуфта намешавад. Аз ривояти аксҳо дида мешавад, ки кормандони мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса даъват шудаанд.
Ин ҳодисаи нохуш соати 11:10 и зуҳри имрӯз дар наздикии Идораи БДА Суғд воқеъ дар маҳаллаи 19 уми Хуҷанд рух додааст.
© SputnikСотрудники ГАИ города Худжанд
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Сотрудники ГАИ города Худжанд
Ронандаи автомашинаи “Mercedes Sprinter” рақами қайди давлатиаш 31 21 ТТ 06 микроавтобуси хатсайри № 97 Хуҷанд - Ғафуров аз уҳдаи идораи ҳаракат набаромада ба автомашинаи “Nexia” рақами қайди давлатиаш 88 79 КК 02 бархурдааст.
Зимнан дар ҷойи ҳодиса кормандони ёрии таъҷилӣ даъват шуда, ба мусофирони осебдидаи ин ҳодиса кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Чанд корманди БДА ба ҷойи воқеа ҳозир шуда, ба таҳқиқи ҳодиса сар кардаанд.
© SputnikСотрудники ГАИ города Худжанд
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Сотрудники ГАИ города Худжанд
Карим Ҷумъаев, масъули матбуотии БДА-и Суғд, чанде пеш дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори рухдоди садамаҳои нақлиётиро шарҳ дода иттилоъ дода буд, ки давоми ду моҳу 25 рӯзи соли ҷорӣ, дар роҳҳои автомобилгарди қаламрави вилоят 50 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 23 нафар ба ҳалокат расида, 58 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ин шумора дар муқоиса ба се моҳи соли 2020 – ба рухдоди 4 садама ва 23 ҳолати захмишавӣ зиёд рақам зада мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала