ВКД: марде, ки ба раисҷумҳур ва раиси шаҳр дар Фейсбук муроҷиат кард, бемории руҳӣ дорад

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции в Душанбе, архивное фото
Сотрудники милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Вазорати корҳои дихилаи Тоҷикистон навори ахиреро, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд, санҷиш кардааст. Маълум шудааст, ки марди бемор ҳангоми хуруҷи бемории руҳӣ муроҷиати видеоӣ пахш намудааст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати видеоии як нафар марди тахминан 40-45 сола пахш гардида, номбурда дар он аз мавриди таҳдид ба шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия шикоят кард.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бо мақсади санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе сафарбар гардида, дар натиҷа муайян карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Шоназаров Мансур 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб мебошад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда бемори руҳӣ будааст.
Гуфта шудаст, ки Шоназаров Мансур дар қайди Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ” қарор дошта, пайваста бо ташхиси “Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ” дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ бистарӣ ва табобат мегирифтааст.
Вазорати корҳои дихилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳолати бемории равонии шаҳрванд Шоназаровро пайвандону наздикон, аз ҷумла ҳамсару фарзандонаш низ тасдиқ намуда, иброз доштаанд, ки ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд Шоназаров Мансур ба вуқуъ омадааст.
Зик шудааст, ки дар натиҷа барои ба табобат фаро гирифтани Шоназаров Мансур ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ дастрас ва бистарӣ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала