5 бурсия ва ду шарт: донишкадаи бонуфузи Маскав барои донишҷӯёни тоҷик квота ихтисос дод

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Хоҳишмандони таҳсил дар донишкадаи мазкур метавонанд ба бахшҳои минтақавии маҳали зисти Маркази миллии тестӣ муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон аз ихтисос ёфтани 5 бурсия барои таҳсил дар донишкадаи Маскавхабар медиҳад.
Бар хабари манбаъ, ин бурсияҳоро Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Маскав барои соли таҳсили 2021-2022 ҷудо намуда дар ихтиёри Вазорати маорифи Тоҷикистон вогузор кардааст.
Гуфта мешавад, квотаҳо ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, илмҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва мунисипалӣ ва кори тиҷоратиро дарбар мегиранд.
Манбаъ меафзояд, барои ноил шудан ба бурсияҳо озмун дар се давр баргузор мегардад.
"Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмун доранд, ба бахшҳои минтақавии маҳали зисти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд", - таъкид мешавад дар иттилоия.
Зимнан, таъкид гардидааст, ки хоҳишмандони таҳсил дар донишкадаи мазкур бояд ҳатман забони русӣ ва англисиро донанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала