"Истиқлол" имрӯз бо тими Ӯзбекистон вориди майдон мешавад

© сомонаи тими "Истиқлол"Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Қаблан дастаи футболбозони "Истиқлол" бозӣ бо тими "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" - ро мусовӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Интизор меравад, имрӯз дар даври дуввуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО - 2021 дастаи "Истиқлол" бо дастаи АГМК аз Ӯзбекистон вориди майдони рақобат мешаванд.
Бар хабари котиботи Федератсияи футболи Тоҷикистон , бозӣ имрӯз соати 22:00 бо вақти маҳалӣ дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд баргузор мешавад.
Group A | FC Istiklol (TJK) 0 - 0 Shabab Al Ahli Dubai - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Лаҳзаҳои беҳтарини бозии футболи дастаи "Истиқлол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ"
Ёдовар мешавем, бозие, ки дастаи "Истиқлол" рӯзи 15 апрел бо тими "Шабоб Ал-Аҳлӣ" доир намуд, бо ҳисоби мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд бидуни ҳузури тамошобинон доир гашт.
Дар давоми бозӣ ҳарду тим имкони задани голро доштанд. Тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ” дар ҷараёни дидор чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро аз даст дод ва як лаҳзаи хуби голзаниро низ тими “Истиқлол” дошт. Ҳамин тариқ, ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи “Истиқлол” нахустин бор аст, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок мекунад. Лигаи қаҳрамонҳои AFC аз соли 2003 баъди пайвастани Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми дорандагони ҷомҳо ин номро гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала