Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои Рустам Акрамзода баъди барканорияш аз раисӣ

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Ваколатҳои Рустам Акрамзода, узви Маҷлиси миллӣ ҳафтаи равон пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон ваколатҳои Рустам Акрамзода, собиқ раиси ноҳияи Рӯдакиро, ки узви палатаи болоии парлумон буд, пеш аз муҳлат қатъ намуд.
Инчунин бо қарори Маҷлис, Акрамзода аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд карда шуд.
Акрамзода аз мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ, моҳи ноябри соли гузашта, чанд рӯз баъди расонаӣ шудани номаш дар робита ба тақсимоти нодурусти замин, барканор шуда буд. То ҳол дар бораи таъйиноти ҷадидаш маълумоте дода нашудааст.
Тибқи ҳолнома, Рустам Акрамзода, соли 1969 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, хатмкардаи 4 донишгоҳ бо ихтисосҳои олим-агроном, ҳуқуқшинос, ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит, таъмини барқ мебошад. Ӯ забонҳои хориҷии ӯзбекӣ ва русиро медонад.
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Фатоев боз боздошт шуд: пулро гирифту замин надод
Бар асоси ҳолномаи нашркардаи Маҷлиси миллӣ, Акрамзода соли 1995 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 2000 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ғоибона), соли 2009 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (ғоибона) ва соли 2013 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.
Акрамзода фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1986 ба ҳайси коргари корхонаи нақбсозии ноҳияи Данғара оғоз карда, сипас дар мақомоти корҳои дохилӣ, андоз, “Амонатбонк”, шабакаҳои барқ кор карда, солҳои 2017-2019 - муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва аз январи соли 2019 то 24 ноябри соли 2020 раиси ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Дар мавриди таъйиноташ баъди барканорӣ аз ин мақом то ҳол иттилое дастрас нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала