Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд

© AP / Gerry BroomeВице-президент Джо Байден в сопровождении бригадного генерала Дэна Аллина (слева) и генерал-лейтенанта Ллойда Остина III осматривает войска во время церемонии приветствия XVIII воздушно-десантного корпуса из Ирака (8 апреля 2009). Форт-Брэгге
Вице-президент Джо Байден в сопровождении бригадного генерала Дэна Аллина (слева) и генерал-лейтенанта Ллойда Остина III осматривает войска во время церемонии приветствия XVIII воздушно-десантного корпуса из Ирака (8 апреля 2009). Форт-Брэгге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Ллойд Остин ба кишвардор Ҷо Байден ҳушдор додаст, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба дастгирии субот дар он кишар ба таври амалӣ хотима хоҳад дод.
Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мухолифат кард, ки президент Ҷо Байден рӯзи чоршанбеи гузашта дар бораи нақшаи то 11 сентябр ба анҷом расонидани онро эълом дошт. Дар ин бора рӯзи шанбе The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳояш хабар дод.
Американские военнослужащие в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Амрико дар бораи хуруҷи низомиён аз Афғонистон фикрашро иваз кард
Бар хабари манбаъ, сарвари Пентагон ба Байден хабар дод, ки якчанд роҳбарони низомии Амрико аз нақшаҳои Кохи Сафед барои хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Дар байни онҳо, ба навиштаи нашрия, раиси Кумитаи сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Марк Миллӣ, сардори фармондеҳии марказии (CENTCOM) нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Франклин Маккензи ва фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал-лейтенант Скотт Миллер мебошанд..
Худи Остин, тавре ки The Wall Street Journal қайд мекунад, раҳбари Амрикоро ҳушдор дод, ки бо хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аз Афғонистон, дастгирӣ аз суботи бе ин ҳам ноустуворе, ки дар кишвар барқарор шудааст, амалан қатъ хоҳад шуд.
Рӯзи 6 апрел сарвари Пентагон ва раиси сардорони ситодҳо фаҳмиданд, ки Байден тасмиме қабул кардааст, ки хилофи маслиҳати раҳбарони низомӣ аст. Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, раҳбари Амрико исрор меварзид, ки хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА беҳтарин роҳи пешгирӣ аз сар задани амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон хоҳад буд.
Рӯзи чоршанбеи гузашта CNN бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Байден сарфи назар аз як қатор ёваронаш ба таҳдидҳои ин иқдом, тасмим гирифтааст, то сарбозонро аз Афғонистон берун кунад. Тибқи иттилои CNN, ба онҳо Милли, Маккензи ва як қатор мансабдорони Департаменти давлатӣ шомил буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала