Русия чаро ба мавҷи сеюми коронавирус рӯбарӯ нашуд? посухи иммунолог

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузаштан ба хазинаи аксПассажиры на платформе Ярославского вокзала в Москве
Пассажиры на платформе Ярославского вокзала в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Ба ин раванд, албатта ҷараёни эмгузаронии аҳолӣ ва пайдо шудани мусунияти оммавӣ таъсири мусбат расонд
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Чаро русҳо аз мутатсияҳои нави коронавирус минбаъ наметарсанд. Ба ин суол иммунолог Владислав Жемчугов доктори илмҳои тиб дар мусоҳибаи радиои "Эхо Москва" посух дод. Коршинос қайд кард, ки дар Русия "ҳама чиз хуб ба нақша гирифта шудааст.
Жемчугов таъкид кард, ки ваксина ва масунияти пайдошуда, дар онҳое, ки гирифтори бемории коронавирус мебошанд, аз стирояти дубора бо штаммҳои нав эмин нигоҳ медорад.
"Ҳоло маълумоти зиёде вуҷуд надорад, ки оё ваксина ва ҳамчунин сироятшавии дубора аз навъҳои нави коронавирус ҳомоят мекунанд ё на, вале ман боварӣ дорам, ки ин ду омил роҳи гирифтор шудан ба навъҳои нави коронавирусро мегиранд", - тавзеҳ дод мутахассиси рус.
Иммунолог хулоса кард, ки бо ин сабабҳо, дар Русия то ҳол мавҷи сеюм вуҷуд надорад, гарчанде ки дар бисёр кишварҳои дигар паҳншавии коронавирус даври навро оғоз кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия аз замони авҷ гирифтани ин вирус дасти кам 105 582 бемор ҷони худро аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала