Тавсифи Мирзомуродзода аз фаъолии ҷавонони ВМКБ дар хизмати ҳарбӣ ва даъват ба ҳамкорӣ

CC BY-SA 4.0 / wikipedia / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Полковник Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати умури дохилии ВМКБ аз ҷавонони вилоят тавсиф кард, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Рустам Мирзомуродзода дар мулоқот бо муҳассилини Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев аз ҳисси худшиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонони ВМКБ тавсиф кард.
“Боиси хушнудист, ки беш аз 60 фоизи даъватшавандагонро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз ҳудуди вилоят донишҷӯёни ватандӯсти донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба таври худихтиёрона ташкил доданд”, - изҳор дошт ӯ.
Ба иттилои ВУД, дар мулоқот дар баробари дастовардҳо инчунин аз камбудиҳо низ суҳбат сурат гирифтааст. Сардори РВУД гуфтааст, содир шудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ аз ҷониби бархе аз ҷавонон, ки фирефтаи доми шахсони манфиатҷӯ мегарданд, аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад.
“Давоми соли 2020-ум аз ҷониби ноболиғон дар маҷмӯъ 19 ҳолати ҷиноят ва дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи ҷавонон бошад, давоми соли 2020-ум 58 ҳолати ҷиноят ва дар 3 моҳаи аввали соли 2021-ум 7 ҷиноят содир гардидааст”, - таъкид намудааст Мирзомуродзода.
Аудитория вуза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Ҷалби донишҷӯёни ВМКБ ба муассисаҳои олии Русия баррасӣ шуд
Ӯ афзудааст, ки ҳадаф аз доир намудани чунин вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд бо табақаи ҷавонон, ин ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, даст задан ба ҳар гуна амалҳои зишт ва бедор намудани хисси ватандорӣ дар замири ҳар як насли ояндасоз мебошад.
Ба иттилои ВУД, Мирзомуродзода аз ҳозирин даъват намуд, ки дар таълиму тарбияи қишри осебпазири ҷомеа саҳмгузорӣ намуда, мунтазам бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала