Тоҷикистон ба додаҳои Русия дар мавриди шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бовар надорад

Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки дар масъалаи ҳисоб кардани муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, зиёдаравӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Русия эълом намудааст, ки дар қаламрави кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба таври ғайриқонунӣ иқомат мекунанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба ин омор бовар надорад ва исрор меварзад, ки дар ин самт зиёднависӣ сурат гирифтааст.
Зоҳир Мирзоев роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат дар робита ба теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистон дар Русия ба манобеи РИА Новости хабар додааст, ки ин адад чандон ба воқеият рост нест.
Ӯ мегӯяд, Вазорати умури дохилаи Русия теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро барзиёд ҳисоб кардааст.
"Ин рақам дар тӯли солҳои зиёд ҷамъ шудааст ... Дар тӯли 5, 10, 15 сол. Мо гумон дорем, ки аксарияти онҳо бо ҳуҷҷатҳои дигар ба Тоҷикистон рафтанд ва ҳоло дар онҷо қарор доранд", - гуфт Мирзоев.
Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ талаб кард, ки бо муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар Русия қарор доранд, корҳои профилактикӣ анҷом диҳанд, то ин масъала ба ихроҷ нарасад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, рақамҳои муқоисавӣ барои Озарбойҷон, Қирғизистон, Узбакистон, Украина ва Арманистон низ эълон карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала