Чин мехоҳад, юани рақамиро дастраси меҳмонону иштирокдорони Олимпиада - 2022 кунад - ВАО

© AFP 2021 / Hector RetamalДевочка с китайским флагом на военном параде в честь 70-летия образования КНР в Пекине
Девочка с китайским флагом на военном параде в честь 70-летия образования КНР в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Чин мегӯяд, имкони истифодаи юани рақамиро барои корбарони хориҷӣ то соли 2022 фароҳам месозад, аммо ҳадафи ҷойгузини доллар кардани онро надорад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Чин мехоҳад ба хориҷиён зимни боздид аз Олимпиадаи зимистонаи соли 2022, ки дар Пекин дар назар аст, имкони истифодаи юани рақамиро диҳад, хабар дод шабакаи CNBC бо такя ба ноиби раиси Бонки мардумии Чин, Ли Бо.
"То Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин мо талош мекунем, ки e-CNY (юани рақамӣ - идора) фароҳам созем, ки на танҳо барои истифодабарандагони маҳаллӣ, балки барои варзишкорону меҳмонони дигар низ дастрас бошад", - изҳор дошт Бо.
Таъкид шудааст, ки ин метавонад нахустин озмоиши пули рақамии чинӣ барои корбарони хориҷӣ шавад. Намояндаи Бонки мардумии Чин мегӯяд, ҳадафи ворид кардани юани рақамӣ ҷойгузини доллар шудан дар саҳнаи байналмилалӣ нест.
Исполнительный председатель Alibaba Group Джек Юн Ма. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Мақомоти Чин ширкати "Алибобо"-ро барои монополия 2,7 миллиард доллар ҷарима баст
Дар оғози апрел Бонки Чин иттилоъ дода буд, ки феълан таҳлили имкони истифодаи юани рақамӣ дар амалиёти байналмилалӣ идома дорад.
Бонки марказии Чин таҳқиқи юани рақамиро соли 2014 оғоз карда буд. Аз соли 2020 ин пул ба таври озмоишӣ дар бархе аз шаҳрҳои Чин, аз ҷумла Пекин мавриди амал қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала