СММ бояд сармеъмори муносиботи байналмилалӣ боқӣ монад – Слутский

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Комитета Госдумы РФ по международным делам Леонид Слуцкий
Председатель Комитета Госдумы РФ по международным делам Леонид Слуцкий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Леонид Слутский, роҳбари Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури муносиботи байналмилалӣ аз таҷрибаи татбиқи таҳримҳо интиқод карда, инчунин изҳор дошт, ки СММ бояд дар садри муносиботи ҷаҳонӣ боқӣ монад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид сарфи назар аз талошҳои бархе кишварҳои ғарбӣ барои кам кардани нақшаш, бояд дар садри меъмории муносиботи байналмилалӣ боқӣ монад, изҳор дошт Леонид Слутский, роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури муносиботи байналмилалӣ.
"СММ бояд дар садри муносиботи байналмилалӣ боқӣ монад", - изҳор дошт вакили парлумон зимни суҳбаташ дар Донишкадаи давлатии муносиботи байналмилалии Маскав.
Ӯ таъкид намуд, ки қаблан ИМА ва чанде аз иттифоқчиёнаш талоши ислоҳоти созмони мазкурро карданд, то он танҳо яке созмонҳои бузурги байналмилалӣ бошад.
"Зарур аст, ки СММ дар садри низоми ҷаҳонӣ боқӣ монад", - изҳори боварӣ намуд Слутский.
Раиси Кумитаи Думаи давлатӣ таъкид кард, ки дар шароити мураккаби замони муосир нақши СММ бояд танҳо боло равад.
Покупатель на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархҳои ҷаҳонии озуқаворӣ моҳи даҳум аст, ки боло мераванд - гузориши СММ
Слутский инчунин аз он гуфт, ки дахолат ба умури кишварҳои мустақил бо сарфи назар кардани қарорҳои Шӯрои амнияти СММ номақбуланд ва дар идома мисол овард, ки чунин талошҳо дар бисёри кишварҳо, аз ҷумла Аврупо ва Шарқи Наздик бо фоҷиа анҷомиданд.
Ӯ инчунин иттилоъ дод, ки қаблан ба сиёсатмадарони ҷаҳонӣ мактубе фиристод, ки дар он алайҳи таҳримҳо чун ҷузъи амалияи байналмилалӣ баромад кард.
"Беш аз 60 посух аз раисиҷумҳурон ва роҳбарони парлумонҳо гирифтем", - изҳор дошт вакил.
Слутский таъкид намуд, ки таҷрибаи фишор тариқи таҳримҳо куҳнагароӣ ва номақбул мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала