Мясников 6 одатро ном бурд, ки боиси бехобӣ мешаванд

© Sputnik / Kirill Kallinikov / Гузаштан ба хазинаи аксЖенщина и мужчина спят в аэропорту
Женщина и мужчина спят в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Пизишк ҳамчунин маслиҳат дод, ки агар дар 20 дақиқаи аввали хобравӣ шуморо бехобӣ азият диҳад бояд чӣ кор кард
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Духтур ва ровии телевизион Александр Мясников чанд амалеро, ном бурд, ки ногузир боиси бехобӣ мешавад.
Пеш аз ҳама, ин одати ба соат нигаристан аст, агар ногаҳон шумо шаб бедор шудед.
"Агар шумо ба соат нигоҳ кунед, ки он дар аксар маврид, дурахшон аст, ба худ мегӯед:" Гӯш кун, пас аз ду соат бояд хезӣ", - гуфт Мясников дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 1".
Сонная девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Чӣ гуна мешавад аз хоб сер шуд : ду маслиҳати асабшинос барои хоби роҳат
Инчунин, мушкилоти хоб метавонад бо сабаби режими ноустувори рӯз ба миён ояд.
Масалан, агар шумо ҳар рӯз дар вақти номуайян хоб равед ва бархезед. Табиб қайд кард, зарур аст, ки "ҷадвали" худро таҳия кард.

"Соати ёздаҳ хоб рафтед - соати ҳафт бедор шудед. Соати даҳ хоб рафтед - соати шаш бархезед. Тамом, ҳамин аст. Ҷисм, ба мисли рефлекс аст. Ба монанди саги Павлова. Шумо бояд ин корро бикунед, зеро агар шумо шом бевақт хоб кардед, рӯзона ва саҳар хоб накунед ва ҳамон вақти пештара бархезед”, - илова кард Мясников.

Ба гуфти ӯ, агар шаб хоб рафтан ғайриимкон бошад ва рӯзона шуморо ба хоб кашад ва шумо низ ба он пайравӣ кунед, пас шаби дигар шумо ҳатто наметавонед ба хоб умед бандед.
Хатои дигар он аст, ки агар дар давоми рӯз аз бекорӣ дароз кашед. Мясников алоҳида таъкид кард: кат "рефлекси хуфтан" аст ва ҳеҷ зарурате ба он нишастан лозим нест.
Духтар дар хоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Безурётӣ: пизишк хатари хоб бо смартфонро гуфт
Дигар омилҳо-одатҳое низ ҳастанд, ки шуморо аз хоб рафтан бозмедоранд: телефонбозӣ, тамокукашӣ, инчунин нӯшидан ва хӯрок хӯрдан.
Пизишк ҳамчунин маслиҳат дод, ки агар дар 20 дақиқаи аввали хобравӣ шуморо бехобӣ азият диҳад бояд чӣ кор кард. Ба гуфти ӯ, дар ин ҳолат шумо бояд аз ҷойгаҳ хеста, дар утоқ гардиш кунед ва ором шавед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала