Афзоиши беморону фавтидагон аз коронавирус дар Эрон

© AFP 2023 / Atta KenareЛюди напротив ресторана во время ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране
Люди напротив ресторана во время ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ин ҷумҳурӣ аз ҳадди 67 ҳазор нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, танҳо шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус 398 нафар фавтиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маҷмуъ теъдоди фавтидагон аз 67 ҳазор гузашт.

“Шумори фавтҳои ношӣ аз ибтило ба вируси корона дар Эрон ба 67 ҳазору 130 нафар расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, ки дар 24 соати гузашта 24 ҳазору 346 бемори ҷадид мубтало ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Автомобиль реанимации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Овозаи бозгашти короновирус: шарҳи Вазорат ва тарки Хуҷанд кардани аудиторони қазоқ
Манбаъ афзуд, аз теъдоди умумии беморони сабтшуда дар шабонарӯзи гузашта, 3 ҳазору 901 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Ба иттилои мақомотиб беҳдошти Эрон, то кунун 1 миллиону 797 ҳазору 319 нафар беморони коронавирус дар кишвар шифо ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0