Дар маркази Бишкек боз гирдиҳамоӣ аст - навори митинг

© Sputnik / Эркин СадыковМитинг владельцев авто с абхазскими номерами в Бишкеке у дома правительства в Бишкеке
Митинг владельцев авто с абхазскими номерами в Бишкеке у дома правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Дар назди бинои ҳукумат тақрибан 100 нафар ҷамъ омаданд. Онҳо талаб доранд, ки мошинҳои дорои рақамҳои абхазӣ дар Қирғизистон қонунӣ карда шаванд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар маркази Бишкек соҳибони мошинҳои рақами давлати Абхазистон гирдиҳамоӣ мекунанд, менависад Sputnik Қирғизистон.
Бино ба гузориши манбаъ, феълан дар назди бинои ҳукумат тақрибан 100 нафар ҷамъ омаданд. Дар аввал, онҳо сигнал зада, талаб карданд, ки президент Содир Ҷабборов ба наздашон барояд.
Аммо, полис хоҳиш кард, ки садо набароранд, вагарна гирдиҳамоӣ оромона ҳисобида намешавад. Пасон эътирозгарон ба назди дари хонаи ҳукумат рафтанд.
Эътирозгарон тақозо доранд, мошинҳое, ки аз Абхазистон оварда шудаанд, қонунӣ карда шаванд. Намояндагони ҳукумат ба наздашон баромаданд, онҳо кӯшиш доранд вазъро шарҳ диҳанд.

Қазияи мошинҳои Абхазистон

Дар Қирғизистон рейдҳо шурӯъ шуданд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани мошинҳои рақами абхазӣ мебошад, зеро онҳо на ба таври қоннуӣ, балки бо нақзи қонунгузории гумрукии ИИУО оварда шудаанд.
Тақрибан даҳ мошин ба қитъаи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.
Митинг медицинских работников у здания Жогорку Кенеша в Бишкеке. 16 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Гирдиҳамоии табибон дар Бишкек ва талабашон аз мақомот: музди ваъдакардаро диҳед - видео
Пасон, дар майдони Ала-Тоо ва дар наздикии Кохи Ҳукумати Бишкек митинги соҳибони чунин мошинҳо баргузор шуд.
Онҳо изҳор доштанд, ки мошинҳои аллакай ба ҷумҳурӣ воридшударо қонунӣ кунанд.
Ронандагон аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки аксари онҳо дар бораи вайрон шудани қонун намедонистанд ва дар байни онҳо одамоне ҳастанд, ки ба қарз мошин харида, оилаҳояшонро хӯронда, ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунанд.
Ҳафтаи гузашта, Вазорати иқтисод ҳушдор дод, ки мошинҳо бо рақамҳои абхазӣ аз истифода берун карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, рӯзи ҷумъа дар Бишкек гирдиҳамоии табибон баргузор шуд. Онҳо аз ҳукумат талаб карда буданд, ки музди ваъдакардаашонро диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала