Ҳалокати се ҷавони душанбегӣ бар асари садамаи нақлиётӣ дар Файзобод

© Sputnik / Амир ИсаевГорная дорога в Таджикистане
Горная дорога в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар қаламрави минтақаи Файзобод се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Фоҷиа шоми шоми 17 апрел дар километри 49-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод рух додааст, менависад котиботи КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳ берун ва дучори садама шудааст.

"Дар ин садама 3 мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст",- афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳалокшудагонро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Рухдоди боз як садамаи нақлиётӣ дар назди Идораи БДА-и Суғд - акс
Дар бораи сабаби садама иттилои мушаххас дар даст нест. Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, афзудааст манбаъ.
КҲФ мегӯяд, се нафари дар ин садамаи маргбор фавтида сокинони шаҳри Душанбе буда, ду нафари онҳо ҳамагӣ 17 сол доштаанд ва нафари сеюм 22-сола будааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала