Чаро ҷавонони афғон имкони хуби таҳсил дар Тоҷикистонро доранд?

© AP / Ahmad JamshidАфганские студенты на уроке
Афганские студенты на уроке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Тайи даҳ соли охир дар Тоҷикистон ҳудуди якуним ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Масъалаи таҳсилоти ҷавонони афғонистонӣ дар мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баррасӣ шуд.
Сафири Афғонистон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки "мо омодаем ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем".
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 нафар донишҷӯёни афғон таҳсил мекунанд. Дар тамоми давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд.
Сотрудник дилерского центра ПАО Камаз в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Мошинҳои русӣ дар Тоҷикистон истеҳсол ва ба Афғонистон фурӯхта мешаванд
Илова бар ин, тайи даҳ соли охир дар ҳудуди якуним ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла зиёда аз сад нафар бонувони Афғонистон дар муассисаҳо ва марказҳои тахассусии Тоҷикистон дар давраҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисос таҳсил кардаанд.
Бо дарназардошти якчанд омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла ҳамзабонии ду кишвар имкон ҳаст, ки раванди таҳсил ва илмомӯзии шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои мухталифи таълимии кишварамон ба таври самарабахш идома ёбад.
Ҷониби Тоҷикистон метавонад барои Афғонистони бародар мутахассисони соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмӣ омода намояд.
Ёдрас мешавем, моҳи март ҳайати калони расмии Афғонистон бо роҳбарии раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода буд.
Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ; нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022 имзо гардид.

Ҳамчунин созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот; ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0