Ҷосусони НАТО дар назди марзи Русия: чиро ва чаро назорат мебаранд? - видео

Обуна шудан
Ҳавопаймоҳои НАТО дар соҳилҳои Камчатка ва Баҳри сиёҳ чӣ меҷӯянд? Ва чаро хатти миёни Украина ва ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донбассро назорат мебаранд, дар ин видео таомошо кунед
Ҳавопаймоҳои НАТО тайи ҳафтаи охир рекорди худро заданд. Онҳо ба марзи Русия 58 бор наздик шуданд
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, ҷосусони хориҷӣ қасдона иғвоангезӣ мекарданд. Ба ҳадде наздик омаданд, ки ночор ҷангандаҳои Русия ба ҳаво баромаданду ҳавопаймоҳои эътилофро ронданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, танҳо дар ҳафтаи охир ба наздикиҳои марзи Русия 43 ҳавопаймои низомӣ ва 15 бесарнишин наздик омаданд. Халабонҳо хеле наздик омаданд, аммо марзро убур накарданд
Военные учения боевой группы передового присутствия НАТО Хрустальная стрела-2021 в Адажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Кремл аз оқибатҳои эҳтимолии вуруди Украина ба НАТО гуфт
Ду бор иғвогаронро бо ҷангандаҳои навбатдори нерӯҳои ҳавоии Русия ронданд. Мисол, дар соҳилҳои Камчатка ҳавопаймои ҷосуси RC-135 – и ИМА наздик шуд, ки аз ҷониби МиГ-31 – и Русия ронда шуд.
Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон, мегӯяд, “мо мунтазам дар Баҳри сиёҳ ва тамоми ҳудуди фармондеҳии Аврупо амалиёт мегузаронем”.
Аммо Сергей Рябков, ноиби вазири умури хориҷии Русия, таъкид мекунад, бо ҳамин восита уствории Русияро месанҷанд.
“Онҳо устувориямонро месанҷанд, бо асабҳо бозӣ доранд. Муваффақ нахоҳанд шуд”, - изҳор дошт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0