Офатҳои табиӣ зарфи 3 моҳ дар Тоҷикистон ҷони 8 танро рабуд

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳааш омори офатҳои табииро эълон карда, ҳамзамон аз камбуди баъзе раёсатҳояш интиқод кардааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи ин ниҳод садо дод.
Зикр гардидааст, ки дар қаламрави кишвар умуман давоми се моҳ 223 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумор 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо фарорасии фасли баҳор, пас аз боронҳои шадид, сел, ярч, санглох зарари моддӣ расонидааст.
"Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли равон 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд", - афзудааст манбаъ.
Дар маҷлис ҳисоботи роҳбарон низ пешниҳод шудааст, ки раҳбари Кумитаи ба як қатор камбудиҳои ҷиддии баргузории чорабиниҳо дар мавриди соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилояти Хатлон ишора кард.
Роҳбари КҲФ диққати сардорони шӯъбаҳои КҲФ-ро ба омодагии саривақтӣ ва бо камоли кордонӣ барои вокуниш ба тармафароӣ, ярчҳо, селҳо, фаромадани сангҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар давраи баҳор ва тобистон равона кардааст.
Роҳбарияти Кумита ҳамзамон барои омодагии ҷиддии ҳайати шахсӣ барои вокуниш ба офатҳо ва аз байн бурдани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳайати шахсӣ дастурҳо додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала