Мақомоти Маскав аз норасоии муҳоҷирон дар сохтмонҳо шикоят мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Дар Маскав феълан низ норасоии қувваи корӣ ба назар мерасад, аммо ба қавли мақомот он ба суръати сохтмон таъсир накардааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Масъалаи норасоии муҳоҷиронро дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав роҳбари шӯъбаи рушди ҳудудҳои нави Маскав Владимир Жидкин бардоштааст.
Вай афзудааст, ки норасоии коргарон дар соҳаи сохтмон яке аз мушкилиҳои асосӣ дар Маскав мемонад.
"Агар гап дар сари суръат равад, дар мо дар ягон соҳа паст нашудааст, дар ҳама ҷо танҳо боло меравад. Аммо то ҳол яке аз мушкилиҳои аслӣ, ки коронавирус овард, - норасоии қувваи корӣ ҳис мешавад", - қайд кардааст вай.
Ноиби шаҳрдори Маскав аз нияти ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт
Намояндаи ҳукумати Маскав таъкид кардааст, ки далели аслии норасоии қувваи корӣ - баста шудани марзҳост, аммо маҷмааи соҳаи сохтмони Маскав дар ин масъала кор мекунад.
Ёдрас мешавем, пештар муовини шаҳрдори Маскав дар масоили сиёсати иқтисодӣ ва муносиботи моликият ва замин Владимир Ефимов ба рӯзноманигорон дар бораи ифтитоҳи маркази махсус дар Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки мақомоти Маскав интизоранд, ки маҳдудият дар вудуду муҳоҷирон давра ба давра коҳиш дода мешавад ва дар ҳамин ҳол ҳамааш аз вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0