Падари президенти Туркманистон даргузашт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Ба ифтихори ӯ дар Туркманистон медале таъсис шудааст ва ҳамзамон қисми низомии 1001 Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмааи истиқоматии ин вазорат дар Ашқобод номгузорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Падари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар аз олам даргузашт.
Дар ин бора сомонаи Агентии иттилооти давлатӣ "Имрӯзи Туркманистон" хабар дода навиштаанд, ки Мяликқулӣ Бердимуҳаммадови калонӣ рӯзи 18 феврал ҷаҳонро тарк кард.

"Имрӯз, дар моҳи мубораки Рамазон, дар синни 89-ум, падари Президенти Туркманистон, Мяликгули Бердимуҳаммадов даргузашт. Халқи туркман ин хабари талхро бо андӯҳи амиқ пазируфт",- омадааст дар иттилоия.

Мяликгули Бердимуҳамедов "ҳаёти худро ба халқу ватани худ бахшида, намунаи шикастнопазири ватандӯстӣ ва инсондӯстиро намоиш дод" , - навиштааст манбаъ.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Даргузашти Мирзо Азизов, ҳунарпешаи шинохта - акс
Падари президенти Туркманистон 12 августи соли 1932 таваллуд шуда, ибтидои фаъолияти меҳнатии ӯ ба ҳайси китобдор ва баъдтар ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ кор намудааст.
Аз соли 1958 то 1982 Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов дар Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, бо рутбаи подполковник ба нафақа мебарояд ва ба омӯзгорӣ идома медиҳад.
Бердимуҳаммадови калонӣ 7 маротиба бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла нишони "Барои хизмати шоиста дар сафҳои дохилӣ" сарфароз шудааст.
Ба номи падари президент дар Туркманистон медале таъсис шудааст ва ҳамзамон қисми низомии 1001 Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмааи истиқоматии ин вазорат дар Ашқобод ба номи ӯ гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0