Писар ба ҷойи падар вакили парлумон интихоб шуд

© Sputnik Интихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон (КМИР) натиҷаҳои баргузории интихоботи миёндавраи ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Яке аз вакилон ҷойгузини падар дар парлумон шудааст
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Интихоботи миёндавраӣ дирӯз, 18 апрел бар ивази вакилони хориҷшудаи парлумон дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич № 24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32, баргузор шудааст.
Имрӯз дар ҷаласае таҳти роҳбарии Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР натиҷаҳои он эълон ва ваколати вакилон тасдиқ карда шудааст. Дар интихобот сездаҳ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Ҷараёни овоздиҳӣ аз соати 6- и субҳ то 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси санадҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 - 84,31%, Деваштич №24 - 84,47%, Ҷалолиддини Балхӣ №30 - 86,2% ва Вахш №32 - 85,6% интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда иштирок намуданд. Дар натиҷа масъулин онро баргузоршуда ҳисоб кардаанд.
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Эълони ғолибони интихобот: КМИР номи 4 вакили нави парлумонро гуфт
Бино ба эълони натиҷаҳо, аз интихоботи дирӯза номзадҳо Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо гирифтани 73,2% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич № 24, Файзулло Қосимӣ бо гирифтани 74,71% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65, 9% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Исмоилиён Комрон Исмоилзода, писари Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки намоянда аз ҳизби ҳоким ба ҷойи падараш дар парлумон вакил интихоб шудааст.
Ӯ дар гузашта минҳайси раиси ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич фаъолият намудааст. Худи Исмоилзода Зуфар қалблан вакили порлумон буд ва моҳи ноябри соли 2020, раиси ҳизби ХДТ дар Суғд интихоб шуд.
Интиқоди Фирӯз Рамазон аз гузориши ИМА оиди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: ғайривоқеъӣ
Моҳи октябри соли 2020 Бахтовар Сафарзода намояндаи ҳизби ҳоким ва вакил аз ҳавзаи ноҳияҳои Вахш бинобар таъйин шуданаш ба вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ, Ҳоким Холиқзода, бо сабаби муовини раиси Бонки миллӣ таъин шуданаш ва Зуфар Исмоилзода пас аз нишастан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳои вакилияшон дар парлумон қатъ гардид ва ҷойи онҳо дар парлумон холӣ монда буд.
КМИР мегуяд, интихоботи рӯзи гузашта ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботиро озоду шаффоф, алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала