То 29 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обу ҳавои Тоҷикистон барои 19 апрел

© Sputnik /Амир ИсаевДень города в Душанбе
День города в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 19 апрел тағйирёбанда шуда, то 29 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, обуҳавои ҷумҳурӣ имрӯз тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Вид города Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Баҳори гарм: дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво баланд мешавад
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала