Сафари кории Раҳимзода дар ВМКБ: вазир ба милисаҳо гуфт, дар ҳолати омодабош бошанд

© ВКД ҶТРамазон Раҳимзода дар ВМКБ
Рамазон Раҳимзода дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар ВМКБ дидан кардааст.
Ҳамчунин вазир бо ҳайати шахсии ин раёсат дидору мулоқот намудааст.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2020
Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт
Раҳимзода бо омодабошӣ ва шароити хизматбарии кормандони милитсия шинос шуда аз милисаҳои ВМКБ даъват кардааст, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
"Ҳайати шахсӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошад", - гуфтааст Рамазон Раҳимзода.
Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни вохӯрӣ аъзои ҳайати шахсӣ изҳор доштаанд, ки тамоми шароити зарурии хизмат фароҳам буда, баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ саҳми арзанда ва фаъолияти назаррас нишон хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0