Тими "Хуҷанд" дар садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон

© Федератсияи футболи ТоҷикистонБозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи Олӣ
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи Олӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷи бозиҳои даври сеюми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дар даври сеюм дастаи “Файзканд”-и Восеъ 16 апрел дар бозии хонагӣ бар тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ҳамлагари тими Восеъ Абдухалил Боронов се гол зад, ки аввалин хет-трик дар мавсими имсола мебошад.
Манбаъ афзуд, тими “Хуҷанд” дар майдони худ тими КМВА-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои задаи Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се хол овард. Барои дастаи КМВА аз оғози мавсим ин сеюм шикасти пайиҳам мебошад ва даста бидуни хол дар мақоми охири ҷадвал мебошад.
Дар бозии дигар “Душанбе” тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Кумита тавзеҳ дод, ки голи ягонаи дидорро легионери камерунӣ Люк Менҷана Леонел ба номаш сабт кард.
Чемпион Таджикистана душанбинский Истиклол одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
"Истиқлол" аввалин пирӯзиро дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 ба даст овард
Дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб холҳоро тақсим карданд. Ба голи задаи Абдусамад Самадов тими Кӯлоб бо зарбаи нишонраси Амирҷон Фаррухзода ҷавоб гардонданд.
Пас аз натиҷагирии се давр дастаҳои “Хуҷанд” ва “Файзканд” бо ҳафтхолӣ дар садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон мавқеъ гирифтаанд.
Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 24 ва 25 апрел баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0