Ораш Алоӣ гуфт, ки чаро Тоҷикистон ба коронавирус пирӯз шуду Эрон не

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки идут по улице в защитных масках
Девушки идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Донишманди эронитабори амрикоӣ тавзеҳ дод, ки чаро дар Эрон то ҳол бо коронавирус мубориза мебранд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ораш Алоӣ, вирусологи эронитабори амрикоӣ роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар мубориза бо коронавирус тавсиф кардааст.
Ӯ дар мусоҳиба бо Радиои байналмилалии Франсия RFI тавзеҳ додааст, ки чаро Тоҷикистон тавонист дар як муддати муайян бар коронавирус пирӯз шаваду Эрон то ҳол бо ин беморӣ даст бо гиребон аст.
"Эрону Тоҷикистон дар таърих, забон ва фарҳанг кишварҳои наздиканд, аммо дар байни онҳо фарқиятҳо низ мавҷуданд. Дар Тоҷикистон тақрибан 10 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Эрон бо беш аз 80 миллион нафар аҳолӣ табиист, ки дорои захираҳои бештари инсонӣ низ мебошад ва ин кишвар инфрасохтори хуби тиббӣ низ дорад", - тавзеҳ додааст вай.
Ба гуфтаи донишманд, мушкилии аслие, ки дар Эрон ҳангоми мубориза бо коронаиврус пеш омад, афзун бар шумори аҳолӣ, таҷаммӯӣ онҳо дар як макон буд, ки пешгирӣ нашуд.
"Агар дар Тоҷикистон қарорҳо бар асоси ақидаи коршиносон ва далелҳои илмӣ қабул мешуданд, пас дар Эрон тасмимҳо бар асоси эътиқодоти динӣ ва идеология гирифта мешуданд. Онҳо ин қазияро сиёсӣ карданд, сарфи назар аз ҳама дастурҳои Вазорати тандурустии кишвар масҷидҳоро набастанд, муллоҳо гуфтанд, ки мардум бояд ба ҷое биёянд, барои шифо ёфтани наздикони худ дуо кунанд", - таъкид кардааст ҷаноби Алоӣ.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, танҳо шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус 398 нафар фавтиданд. Теъдоди фавтидагон аз 67 ҳазор гузашт.
Шумори фавтҳои ношӣ аз ибтило ба вируси корона дар Эрон ба 67 ҳазору 130 нафар расидааст.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, ки дар 24 соати гузашта 24 ҳазору 346 бемори ҷадид мубтало ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Аз теъдоди умумии беморони сабтшуда дар шабонарӯзи гузашта, 3 ҳазору 901 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Ба иттилои мақомотиб беҳдошти Эрон, то кунун 1 миллиону 797 ҳазору 319 нафар беморони коронавирус дар кишвар шифо ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала