Тоҷикистону Эрон омодаанд ҳамкориҳоро густариш диҳанд

© Вазорати молияи ҶТМулоқоти муовини вазири молияи Тоҷикистон бо муовини вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Мулоқоти муовини вазири молияи Тоҷикистон бо муовини вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Муовини вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммадалии Фараҳнокиён дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мубодилаи афкор кардаанд.
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Оё Тоҷикистон аз Эрон силоҳ мегирад?
"Аз ҷумла пайгирии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон ва омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии мазкур баррасӣ шуд", - омадааст дар хабарнома.
Шералӣ Мирзо: иродаи Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Эрон ҷиддист
Манбаъ афзуда, ки ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятдошта баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала