Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд

© Sputnik / Алексей МальгавкоДевушка за рулем автомобиля, архивное фото
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани зане хабар дод, ки дар Душанбе савори “Ренҷровер”- е мегашт, ки пулашро надодааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса занеро, ки савори мошини гаронбаҳои “Ренҷровер – Валер” дар Душанбе мегашт, дастгир кардаанд.
Ин зани 41-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд
Ба иттилои ВУД, гумонбар 11-уми феврали соли 2020, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт ба боварии марди 41-сола, сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Ренҷровер-Валер”, соли бароришаш 2018-ро гирифтааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо мошинро 55 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, зани харидор ваъда додааст, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад.
“Аммо номбурда, 23 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, то ҳол боқимонда 32 ҳазор доллари амрикоиро надодааст”, - изҳор дошт ВУД.
Мақомот афзуданд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Назари ҷониби айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала