"Маънӣ надорад": Президенти "Реал" гуфт, Роналдуро барнамегардонанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонк Криштиану Роналду
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Бозгашти Криштиану Роналду, ҳамлагари тими "Ювентус"-и Турин, ба тими "Реал"-и шаҳри Мадрид маъно надорад, изҳор дошт президенти бошгоҳи испанӣ.
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Криштиану Роналду, ҳамлагари тими "Ювентус"-и Турин, ба тими "Реал"-и шаҳри Мадрид барнамегардад
Дар ин бора президенти бошоҳи "Реал" - и Испания, Флорентино Перес хабар дод, навиштааст РИА Новости.
"Криштиану ба Мадрид барнамегардад, ин дигар маъно надорад. Ман ӯро хеле дӯст медорам, ӯ барои мо бисёр хизмат кард, аммо ин бозгашт дигар маъное надорад", - иқтибос овардааст аз суханони Перес, рӯзномаи варзишии Испания - Marca.
Роналду тобистони соли 2018 аз "Реал" ба "Ювентус" гузашт. Ҳаҷми маблағи ин гузариш бо назардошти ҳамаи мукофотпулиҳо 115 миллион евро арзёбӣ мешавад.
Ин футболбози португалӣ аз соли 2009 то 2018 дар бошгоҳи шоҳона бозӣ карда, қаҳрамони дукаратаи Испания ва ғолиби чоркаратаи Лигаи чемпионҳо шуд.
Футбольный тренер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Иттиҳодияи футболи Русия мухолифи таъсиси Суперлигаи нав дар Аврупост
Ин дар ҳолест, ки 18 апрел 12 бошгоҳи Аврупо, аз ҷумла "Ювентус" ва "Реал" - и Мадрид аз таъсиси Суперлига хабар доданд, ки бархе онро инқилоб дар футбол меноманду гуруҳе алайҳи он баромад карданд.
Инчунин тартиби гузарондани мусобиқаи Суперлига нашр гардид, ки дар он иштироки 20 даста дар назар аст. Аз ин ҳудуди 15 даста узви доимӣ хоҳанд буду 5 дастаи дигар вобаста ба натиҷаҳои нишондодаашон ба сабқат роҳ хоҳанд ёфт.
Президенти Иттиҳодияи футболи Русия алайҳи ташкили Суперлига баромад намуда, изҳор доштааст, ки ин идея мухолифи арзишҳои аслии на танҳо ҷаҳони футбол, балки ҷомеаи аврупоӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0