Боздошту ифтитоҳи парванда алайҳи марде, ки дар интернет Президентро таҳқир кард

© ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксФСБ задержали в Москве пособника террористам
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Сокини 52 - сола барои таҳқири роҳбари давлат боздошт ва ҳамакнун алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар минтақаи Ҷиззахи Ӯзбекистон, кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, мардеро барои таҳқири президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт карданд.
Sputnik Ӯзбекистон менависад, боздоштшуда 52 сол дорад ва сокини минтақаи Бахмал аст.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Мирзиёев як қатор мансабдоронро сабукдӯш карду талаб намуд, ки маошро баргардонанд
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар Facebook ва Youtube сафҳае бо номи В.К. кушода, он ҷо бо баромадҳои мустақим дар ҳаққи кишвардори Ӯзбекистон таҳқиру гапҳои нораворо сазовор донистааст.
Гуфта мешавад, сокини Бахмал, ислоҳоти пиёданамудаи Шавкат Мирзиёевро нодуруст номида, нисбати ӯ тӯҳмат ва маълумотҳои бардурӯғро паҳн кардааст.
Дар ҳамин ҳол, нисбати боздоштшуда, бо моддаи 158 "Таҳқир ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон" парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Бояд гуфт, ки қаблан Шавкат Мирзиёев фармонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 158 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо карда буд.
Ҳамакнун, тибқи тағйиру иловаҳо, барои таҳқири оммавӣ ва тӯҳмат нисбати президент дар интернет, то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала