Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои қочоқи маводи мухаддир - видео

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксУничтожение наркотических средств в Таджикистане
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми убури ғайиқонуннии марз бо 5 кило героин, 17 килои афюн ва ҳашиш боздошт намуданд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ба гузориши Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон, шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонзода Шероз Мулоҳиддин, ки сокини вилояти Суғд будааст, аз сӯи марзбонон ин кишвар ҳангоми убури марз аз ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд бо ду халта бор боздошт шуд.
Мақомоти амниятии кишвари ҳамсоя иттилоъ доданд, ки аз халтаҳои Қурбонзода Шероз 24 баста бо маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуд.
Арзиши молии ин маҳмулаи маводи мухаддир 100 ҳазор доллар эълом шудааст.
Маъмурон ин табаъаи Тоҷикистонро боздошт ва алайҳи вай ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.
Ҳамзамон дар амалиёти дигаре кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон дар вилояти Намангон як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми нигаҳдорӣ ва иқдом барои фурӯши чаҳор килограмм ҳашиш боздошт карданд.
Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон эълом кардааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро як табаъаи қирғиз аз Тоҷикистон ба вилояти Намангони Ӯзбекистон ворид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала