Гирифтории муаллимону талабаҳо ба COVID-19: макотиби Тошканд ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксМосковские старшеклассники переходят на дистанционное обучение
Московские старшеклассники переходят на дистанционное обучение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Дар пайи ошкор шудани коронавирус дар омӯзгорону талабаҳо бархе аз макотиби вилояти Тошканд ба таълими фосилавӣ гузаштанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳудуди 18 мактаби таҳсилоти умумии вилояти Тошканд ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд. Ҳукумати вилоят мегӯяд, ин тасмим дар пайи ошкор шудани коронавирус миёни омӯзгорону талабаҳо гирифта шуд.
Ба иттилои ҳукумати вилоят, бемории коронавирус дар бадани 30 талаба ва 25 муаллими макотиби мазкур ба қайд гирифта шуд.
Правительственное заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2018
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон
Қарори Ҳукумат: таҳсили бархе беморон дар муассисаҳои таълимии тиббӣ мамнуъ шуд
"Макотиби №3 ва №54-и ноҳияи Уртачирчик, мактаби №2 ноҳияи Букин, №36 -и Пскент, №22 ва №51-и Паркент ва макотиби №9, 12, 17, 18 -и ноҳияи Тошканд, мактаби №8 ва №9 дар Чирчик, №17 дар Алмалик ва мактаби №1 дар Нурафшон ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин ба таҳсили фосилавӣ синфҳои алоҳида дар бархе аз мактабҳо гузаронда шудаанд. Аз ҷумла ҳашт синфи мактаби №6, як синфи мактаби №15 - и ноҳияи Букин, се синфи №50 - и ноҳияи Уртачирчик, се синфи мактаби №34 - и ноҳияи Зангиатин таълимро тариқи фосилавӣ ба роҳ мондаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала