Кордкашӣ дар дохили нақлиёт: ҷавони 18-сола ронандаро 12 корд зад

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 32 - сола, ки аз сӯи ҷавони 18 - сола 12 корд хурдааст, дар бемористон бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса санаи 18-уми апрели соли равон дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Зафира”, бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст.
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео
Гуфта шудааст, ки сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
“Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид даоштааст ВКД тоҷикистон.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони номбурда дастгир гардид.
Дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала