Лукашенко гуфт, пешниҳодҳои Путин барои барқарории Донбассро ба Порошенко расонд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, гуфт, пешниҳодҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро ба президенти собиқи Украина, Петр Порошенко дар мавриди барқарорсозии Донбасс расонда буд, аммо ӯ рад намуд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, мегӯяд, президенти собиқи Украина, Петр Порошенко пешниҳодҳои Путин дар мавриди барқарорсозии Донбассро рад намуд. Лукашенко гуфт, дар ҳамон лаҳза фаҳмид, ки сиёсатмадорони украинӣ мустақил нестанд.
"Ман мефаҳмам, ки баъзеҳо мехоҳанд чеҳраашонро ҳифз кунанд, ҳам аввалию ҳам дуюмиҳо. Аммо мо бояд дарк кунем, ки Русия як кишвари азим аст ва он метавонад ба Украина дар барқароркунии Донбасс ва ғайра кӯмак расонад", - изҳор дошт Лукашенко.
Ӯ афзуд, Путин аз вай хоҳиш кард, ки пешниҳодҳояшро ба Порошенко расонад, хабар додааст хабаргузории Белта.
Раисиҷумҳури Белорус изҳор дошт, ки Порошенко пешниҳодҳоро рад намуд ва маҳз он лаҳза рӯшан дарк намуд, сиёсатмадорони Украина, роҳбарияташ мустақил нестанд.
"Ин қарорҳоро қабул кардан лозим буд, қадам ба қадам бо мурури замин бисёри масъалаҳои дигар ҳал мешуданд. Ман шоҳид будам. Ин гуноҳи Путин набуд. Вай пешниҳод кард. Пешниҳодҳои хуб буданд. Аммо президенти собиқ (Аз Украина - идора) рад кард", - илова намуд Лукашенко.
Военные учения боевой группы передового присутствия НАТО Хрустальная стрела-2021 в Адажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Кремл аз оқибатҳои эҳтимолии вуруди Украина ба НАТО гуфт
Мавриди зикр аст, ки моҳи апрели соли 2014, мақомоти Украина амалиёти низомӣ алайҳи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск оғоз карданд, ки пас аз табаддулоти давлатӣ дар Киев дар моҳи феврали соли 2014 аз мустақилияти худ эълон карданд.
Тибқи маълумоти охирини СММ, тақрибан 13 ҳазор нафар қурбонии ин муноқиша шуданд. Масъалаи ҳалли мушкилоти Донбасс, аз ҷумла, дар мулоқоти гуруҳи Минск низ баррасӣ шуданд ва аз моҳи сентябри соли 2014 аллакай се санад қабул гардидаанд. Бо вуҷуди созишҳо барои оташбас мунтазам дар ин минтақа даргирию тирпарониҳо сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала