Дар Маскав борони шадид сар шуд, ки як шабонарӯз давом мекунад

Борон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Давоми 24 соат дар Маскав борони шадид меборад, ки нисфи меъёри моҳонаро пур мекунад
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар Маскав борони шадид сар шуд, ки як шабонарӯз идома мекунад. Чунин боронро Маскав 73 сол боз дар ёд надошт, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба корманди пешбари Маркази ҳавошиносии "Фобос" Евгений Тишковетс.
"Ба туфайли тӯфони "Ятин", ки марказаш дар Донбасс аст, дар Маскав борони шадид сар шуд, ки то шабонарӯзи оянда идома хоҳад кард ", - гуфт Тишковетс.
Гуфта мешавад, ки боронҳои шадидтарин бо эҳтимоли гузаштан ба барфи тар бо бадшавии кӯтоҳмуддати дидбонӣ то 500-1000 метр, рӯзи чоршанбе аз соати 3 - и шаб то 9-и субҳ пешгӯӣ мешаванд.
Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Аз борону раъду барқ то барф: пешбинии пастшавии ҳаво дар ду се рӯзи оянд дар Тоҷикистон
"Чунин боришоти шадид дар пойтахт ҳадди аққал аз соли 1948 инҷониб вуҷуд надошт. Ҳодисаи муқоисашаванда танҳо дар соли 1970 - 13,2 миллиметр ва дар соли 1986 - 16,9 миллиметр шуда буд", - гуфт Тишковетс.
Ба қавли коршинос, шабона дар пойтахт ҳарорати ҳаво то сифр мефарояд. Рӯзона ҳарорат то 3 -8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Чунин ҳарорат ба моҳи октябр рост меояд. Фишори атмосфераӣ якбора коҳиш хоҳад ёфт, ки ин ба некӯаҳволии мардуми пойтахт таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Дар Тоҷикистон низ фардо ва 22 апрел рӯзҳои боронӣ пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 апрел дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли фаромадани сел мавҷуд аст.
Осенняя непогода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Сел, жола, борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон
Ҳамзамон 21-22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Инчунин боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала