Оғози бақайдгирӣ барои таҳсили ройгон дар Маскав: чанд бурсия ва чӣ шартҳо

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтуденты на лекции
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Барои дохил шудан ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав довталаб бояд аввал худро ба қайд гирад ва баъдан ду имтиҳон супорад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Аз 20 то 27 апрел дар Маркази миллии тестии назди Президент ва бахшҳои минтақавии он бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба ДДМБ Маскав гузаронида мешавад.
Бино ба гузориши Маркази миллии тестӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ дар баробари шаҳри Душанбе, дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Рашту Данғара роҳандозӣ мешавад.
Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав барои довталабони тоҷик 5 бурсия ҷудо кардааст.
Маркази миллии тестӣ мегӯяд, дар озмун барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав шаҳрвандони то 35-солаи Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд.

Ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ

ариза ба номи директори Марказ,
шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД бо нусхааш,
ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот
маълумотнома аз мактаби миёнаи умумӣ ва дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан
маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан
маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан
аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он,
диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо,
диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо
Гуфта мешавад, даври аввали озмун 30 апрел дар шаҳри Душанбе дар шакли тест аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешавад.
Дар бораи макони баргузории тест ба ҳар яке аз довталабони номнависшуда тавассути телефон хабар дода хоҳад шуд.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2021
Русия ба довталабони тоҷик бештар аз 600 бурсия ҷудо кард
Дар даври дуюми озмун, ки ба он танҳо довталабони аз тест баҳои баландгирифта, роҳ дода мешаванд, як имтиҳони дигар дар шакли диктант ба забонҳои русӣ ва англисӣ доир мегардад.
Манбаъ мегӯяд, барои таҳсил дар донишкадаи мазкур донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Лентаи хабарҳо
0