https://sputnik.tj/20210420/saforat-shahrvandon-rusiya-shart-vurud-tojikiston-1038799931.html
Сафорат шарти вуруди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистонро гуфт
Сафорат шарти вуруди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Русия бидуни доштани ташхиси солим будан аз коронавирус ва ё варақае, ки ваксин гирифтани онҳоро собит мекунад, имкони ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданро надоранд
2021-04-20T10:43+0500
2021-04-20T10:43+0500
2021-04-20T16:21+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
дар русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/10/1029801028_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6806137e3b72b8f8a92c330c5a361635.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Шаҳрвандони Русия имкони вуруд шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, аммо бо як шарт, менависад ТАСС бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.Ба иттилои манбаъ, шарти асосии вуруд шудани шаҳрвандони рус ба Тоҷикистон доштани ташхиси сиҳатӣ аз коронавирус аст.Маврид ба зикр аст, ки сар аз 1 апрел равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд.Ҳоло миёни Душанбе ва Маскав дар як ҳафта ҳамагӣ ду парвози мустақим роҳандозӣ шудааст, ки онро ширкатҳои ҳавонавардии "Сомон Эйр" ва "Utair" анҷом медиҳанд.Аз қабл нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз Русия самти Душанбе ҳудуди 150 доллар нархгузорӣ шуда буд. Аз самти баргашт нархи билет ҳудуди 350 доллар гуфта шуд. Аммо хоҳишмандони сафар ба Русия, аз камчинии билет ва нархи гарони он шиква мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/10/1029801028_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_37dfac7d3928bfa5c615b6f34c9906ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, шарт
Сафорат шарти вуруди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистонро гуфт
10:43 20.04.2021 (Навсозишуда: 16:21 20.04.2021) Равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сар аз 1 апрел боз аст ва парвозҳои мустақимро дар як ҳафта ду маротиба ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Utair" анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Шаҳрвандони Русия имкони вуруд шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, аммо бо як шарт, менависад ТАСС бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Ба иттилои манбаъ, шарти асосии вуруд шудани шаҳрвандони рус ба Тоҷикистон доштани ташхиси сиҳатӣ аз коронавирус аст.
"Шаҳрвандони Русия метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд, аммо доштани ташхиси коронаиврус (ПЦР) ва ё варақае, ки ваксин гирифтани онҳоро собит мекунад, ҳатмист", - таъкид мешавад дар хабар.
Маврид ба зикр аст, ки сар аз 1 апрел равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд.
Ҳоло миёни Душанбе ва Маскав дар як ҳафта ҳамагӣ ду парвози мустақим роҳандозӣ шудааст, ки онро ширкатҳои ҳавонавардии "Сомон Эйр" ва "Utair" анҷом медиҳанд.
Аз қабл нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз Русия самти Душанбе ҳудуди 150 доллар нархгузорӣ шуда буд. Аз самти баргашт нархи билет ҳудуди 350 доллар гуфта шуд. Аммо хоҳишмандони сафар ба Русия, аз камчинии билет ва нархи гарони он шиква мекунанд.