"Мушти муштарак" -и Тоҷикистону Русия дар марз бо Афғонистон: ҳушдор ба кист?

© SputnikСовместные учения российских и таджикских военных на военном полигоне Ляур
Совместные учения российских и таджикских военных на военном полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Бо хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон, эҳтимоли тавсеаи гурӯҳҳои террористӣ дар шимол, аз ҷумла ба истилоҳ паҳншавии "аморати исломӣ" ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меафзояд.
Таҳдидҳоро воқеъбинона арзёбӣ намуда, Русия ва Тоҷикистон амалиёти муштараки низомиро дар наздикии марзи Афғонистон тамрин мекунанд
Размоиши муштарак бо иштироки беш аз 3500 хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия ва қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои 19-23 апрел дар тамрингоҳи Харб-Майдон, Самбули ва Момирак, ки дар масофаи 30 то 80 километр аз марзи Афғонистон ҷойгиранд, баргузор мешаванд.
Қувва ва воситаҳо имкон медиҳанд, ки амалиёти калонмиқёси зиддитеррористӣ тамрин шаванд. . То 400 дона силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсус, ҳавопаймоҳои ҳамлагари Су-25СМ, чархболҳои зарбазани Ми-24, низомиӣ - нақлиётии Ми-8, танкҳои Т-72, мошинҳои ҷангии БМП-2М, зиреҳпӯшони БТР-82А, низомҳои оташкушоии “Град”, “Ураган”, низомҳои худгарди тирандози “Гвоздика” ва “Акатсия” дар амалиёт истифода шудаанд. Иктишофи мавзеъ ва дурустсозии самти оташкушоиро гуруҳи дастгоҳҳои бесарнишини “Орлан-10”, “Гранат” ва “Леер” таъмин месозанд.
Страны мира. Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Кушта шудани ҳашт узви як хонавода дар Нангарҳори Афғонистон ҳангоми намоз
Гурӯҳи ҳавопаймоӣ, ки аз силсилаи ҳамлагарони Су-25SM, ҳарбӣ – нақлиётӣ ва зарбазани Ми-24 ва Ми-8 нерӯҳои хушкигардро аз ҳаво пуштибонӣ мекунанд. , ба нерӯҳои заминӣ кӯмаки ҳавоӣ мерасонад. Аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар размоиш ду ҳавопаймои Л-39 ва ду чархболи Ми-24 ва Ми-8 ширкат доранд. Ҳамзамон дар осмон зиёда аз 10 ҳавопаймо қарор мегиранд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ, ҷойгиркунии нерӯҳои тактикӣ ва посбонии корвони мошинҳоро анҷом медиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбии Русия ва Тоҷикистон иктишофу ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаракати душмани шартиро амалӣ мекунанд. Масъалаҳои банақшагирӣ, идоракунӣ ва ҳамоҳангӣ тамрин карда мешаванд. Машқҳои муштаракро фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, генерал-полковник Александр Лапин роҳбарӣ мекунад ва ин аз аҳамияти стратегии чорабинӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистони ҳамсоя, дар пасманзари пешрафтҳои Толибон*, созмони “Давлати исломӣ” * ва даҳҳо гурӯҳҳои дигари террористӣ фаъолтар мешаванд. Ҳафтаи гузашта махсусан нигаронкунанда буд. Шумораи амалиёти ҷангӣ афзуда, дар ҷараёни он 120 сарбоз ва полис, беш аз 20 ғайринизомӣ кушта шуданд. Дар зимн 48 ҷангҷӯ нобуд карда шуд.

Ривояти размоиш

Амалиёти масдуду нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо дастгирии ҳавопаймоҳои артиш ҳамзамон дар якчанд тамрингоҳҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои танкӣ, мототехникӣ, артиллерия, разведка, қисмҳои муҳандисӣ ба минтақаҳои муқарраршуда ҳаракат карда, пойгоҳҳои сайёри фармондеҳиро мустақар карданд ва бо истифода аз ҳавопаймоҳо, тӯпҳо ва дигар лавозимот ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда шурӯъ карданд. Маврид ба зикр аст, ки аз се ду ҳиссаи ширкаткунандагони размоиш мутахассисони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мебошанд.
Фармондеҳӣ ва назорати нерӯҳо бо ёрии маҷмааи иктишофӣ, назоратӣ ва коммуникатсионии "Стрелетс" дар якҷоягӣ бо дастгоҳҳои иктишофӣ ва таъини ҳадаф, инчунин бо радарҳо ва дронҳо сурат мегирад. Мақсади асосии машқҳо санҷиши омодагии нерӯҳо ба иҷрои вазифаҳо, баҳодиҳии сатҳи тайёрии мутахассисон, омодагии техникӣ ва таъминоти зерсохторҳо бо силоҳ ва таҷҳизот мебошад.
Тибқи ривояти размоиш, халабонҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан" ва "Форпост" дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои иктишофӣ марзишикании як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ошкор кардаанд ва маконашонро ба нуктаи фармондеҳӣ гуфтанд. Гурӯҳи нерӯҳои муборизаи радиэлектронӣ василаҳои радиоэлектронии душманро (аз ҷумла бесарнишинҳоро) бекор карданд.
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Вокуниши Хадамоти иктишфии Амрико аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон
Фармондеҳӣ тасмим мегирад, ки душмани шартиро бо истифодаи ҳамзамони ҳавопаймоҳои зарбазан, артиллерия ва воҳидҳои тирандози савора ва мошинҳои зиреҳпӯш нест кунад. Чархболҳои Ми-8МТВ роҳҳои ақибнишинии душманро минагузорӣ карданд. Ин кор бо истифодаи технологияи ҷадид, аз баландии тақрибан 20 метр бо суръати то 160 километр дар як соат амалӣ мешавад. Артиллерияи мушакӣ ва тупӣ душмани шартиро дар “халтаи оташин” нобуд карданд. Чархболҳои Ми-24 зарбаи ниҳоии ҳавоиро ба боқимондаҳои гуруҳи ғайриқонунӣ заданд.
Омодагии доимии нерӯҳо барои интиқол ба марз шарти зарурӣ ва муҳим барои амнияти Тоҷикистон мебошад. Размоишҳои апрелӣ танҳо оғози силсилаи машқҳои васеъмиқёси ҳарбӣ дар соли 2021 мебошанд. Чун анъана, Тоҷикистон дар маркази диққати Вазорати мудофиаи Русия ва Ситоди муштараки СААД қарор дорад. Дар қаламрави Тоҷикистон як қатор машқҳо бо қувва ва воситаҳои иктишофии "Поиск-2021" ба нақша гирифта шудаанд. Инчунин машқҳои муштарак бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СААД зери унвони "Ҳамкорӣ -2021" дар назар гирифта шудаанд. Ҳангоми размоиш, низомиён якчанд амалиёт - аз ҷилавгирии низои мусаллаҳонаи марзӣ то ҳалли пас аз низоъ дар қаламрави давлати зарардидаро амалӣ хоҳанд кард. Қариб нисфи машқҳои асосии СААД имсол дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Чунин фаъолият аз ҳад зиёд нест, чун вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мураккаб мебошад.

Омори ташвишзо

Мушовири амнияти миллии президенти ИМА, Ҷейк Салливан гуфт, ки дар бораи ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи Пентагон ва муттаҳидони НАТО замонате вуҷуд надорад. Дар солҳои охир, амрикоиҳо наметавонистанд ва намехостанд бо Толибон* мубориза баранд, танҳо талош доштанд, пойгоҳи Афғонистонро дар Осиёи Марказӣ нигоҳ доранд, то дар бозиҳои геосиёсӣ ба Русия, Чин ва як қатор кишварҳои дигар кор барад. Аммо, ҷангиёни Толибон * нақшаҳои ИМА-ро барҳам заданд ва қодиранд, ки хеле бештар пеш раванд. Вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар зери фишори исломгароёни ифротӣ беш аз пеш "гарм" мешаванд. Кишварҳои ҳамсоя бо нигаронӣ рӯйдодҳоро назорат мекунанд.
Полицейский в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Дили дардманд дар маркази Осиё: мушкилоти хотимаи ҷанг дар Афғонистон
Президенти Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи 16 апрел гуфт, ки ба ҳукумат пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ хатари фурӯпошӣ таҳдид надорад, зеро танҳо дар нерӯҳои вижа ва нерӯҳои ҳавоӣ ҳудуди 40 ҳазор афғон ҳастанд. Аммо, дар беҳтарин даврони Иёлоти Муттаҳида ва НАТО, дар Афғонистон то 200 000 сарбози хориҷӣ буданд, ки то ҳол Толибонро мағлуб карда наметавонистанд. Баъд аз бастани созишномаи сулҳ бо ИМА дар моҳи феврали соли 2020, Толибон * шумораи ҳамлаҳои худро 24% зиёд карданд.
Ҳафтаи гузашта, дар яке аз даргириҳо - дар шаҳри Торгунди, дар марз бо Тоҷикистон - Толибон ду марзбони афғонро куштанд. Рӯзи дигар, 12 апрел, дар наздикии шаҳри Мазори Шариф (50 км дуртар аз марзи Тоҷикистон) ду сарбози афғон кушта шуданд. Дар вилояти шимолии марзии Балх, рӯзи 13 апрел Толибон 10 сарбози афғонро куштанд ва панҷ нафари онҳоро асир гирифтанд. Худи ҳамон рӯз афроди мусаллаҳ як марзбони афғонро дар вилояти Бадахшон дар шимол тирборон карданд. Дар вилояти марзии Кундуз рӯзи 15 апрел шаш сарбози афғон дар задухӯрд бо Толибон кушта шуданд. Чунин рақамҳо ва далелҳо аз нотавонии нерӯҳои давлатӣ барои муқовимати самаранок ба гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва таҳдидҳои афзояндаи ҷиҳодиён ба давлатҳо ва халқҳои Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
* – созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва як қатор кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала