Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд: якеаш иди Рамазон

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Мехргон в Душанбе
Праздник Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Имсол дар моҳи май тоҷикистониён ду ҷашни бузург Рӯзи Пирӯзӣ ва иди Рамазонро таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Мардуми Тоҷикистон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Пирӯзӣ ва Иди Рамазон дар моҳи май 12 рӯз истироҳат мекунанд.
Тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.
Ҳамин тавр, имсол Рӯзи Пирӯзӣ - 9 май ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва мувофиқи қонун, рӯзҳои 8, 9 ва 10 май дар Тоҷикистон таътил мебошанд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, Иди Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи 13 май рост меояд ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.
© SputnikРӯзҳои истироҳат ва идҳои май дар Тоҷикистон
Рӯзҳои истироҳат ва идҳои май дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Рӯзҳои истироҳат ва идҳои май дар Тоҷикистон
Зимнан, дар моҳи май, шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз: 1, 2, 8, 9, 10, 13, 15, 16, 22, 23, 29 ва 30 истироҳат мекунанд.
Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон соли 2016 қонун дар бораи рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Ёдрас мешавем, ик мардуми Тоҷикистон имсол дар моҳи март, ки замони таҷлил аз яке аз идҳои бузурги кишвар - ҷашни Наврӯз аст, 13 рӯз истироҳат карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала