Трамп гуфт, ният дорад дубора президенти Амрико шавад

© AFP 2021 / JOE RAEDLEТампа, Флорида - 24 октября: Кандидат в президенты от республиканцев Дональд Трамп обнимает американский флаг, когда он прибывает на митинг кампании в амфитеатре кредитного союза MidFlorida 24 октября 2016 года в Тампе, Флорида. До президентских выборов осталось 14 дней. Джо Рэдл / Getty Images / AFP (Фото Джо Рэдла
Тампа, Флорида - 24 октября: Кандидат в президенты от республиканцев Дональд Трамп обнимает американский флаг, когда он прибывает на митинг кампании в амфитеатре кредитного союза MidFlorida 24 октября 2016 года в Тампе, Флорида. До президентских выборов осталось 14 дней. Джо Рэдл / Getty Images / AFP (Фото Джо Рэдла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Ба таъкиди ӯ, агар дар интихоботи қаблӣ аз номзадии ӯ 75 миллион нафар ҷонибдорӣ кард, ҳозир сафи онҳо бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп дар мусоҳиба бо Fox News изҳор доштааст, ки номзадии худро дар интихоботи навбатии соли 2024 барои як давраи нави президентӣ пешбарӣ мекунад.
Трамп тавзеҳ дод, ки аз нигоҳи қонунӣ, намехоҳад дар ин бора ҳоло таваққуф кунад, "чун интихоботи нав ҳанӯз "хеле дур" аст".
Ҳамзамон, президенти собиқ боварӣ дорад, ки ин навбат ҳатман пирӯз мешавад. Ба таъкиди ӯ, дар интихоботи қаблӣ аз номзадии ӯ дасти кам 75 миллион раъйдиҳанда ҷонибдорӣ кард.
"Ҳоло сафи онҳо ба маротиб бештар аст ва дастгирии мардумро бештар эҳсос мекунам", - афзудааст собиқ кишвардори ИМА.
Президент Дональд Трамп и президент России Владимир Путин идут - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
"Ӯ ба ман писанд буд": Трамп ҷузъиёти ғайричашмдошти муносибат бо Путинро ошкор кард
Ёдовар мешавем, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико рӯзи 3 ноябри соли гузашта баргузор шуд, ки ба бохти Доналд Трамп президенти он замон анҷом ёфт.
Дар интихобот номзад аз Ҳизби демократҳо Ҷо Байден бо касби раъйи бештар ҳарифи худ Доналд Трампро шикаст ва ғолиби ин маъракаи муҳими сиёсӣ гардид.
Зимнан, пас аз сари қудрат омадани Байден муносибатҳои ИМА ва Русия якбора сардтар шуд.
Ҷо Байден ҳатто дар як мусоҳиба кишвардори Русияро "қотил" номид ва ҳушдор дод, ки Владимир Путин барои мудохила ба сиёсати Амрико ҳатман ҷавоб медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала