Табақҳои усто Саидбек дар Қирғизистону Русия фурӯхта мешаванд - навор

Саидбек Машрабов сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мебошад, ки давоми 40 сол ба табақсозӣ машғул аст.
Дар ин кор ба Машрабов фарзандони ӯ кӯмак мекунанд. Онҳо чӯбро канда ба шакл медароранд, сипас устои моҳир онро ҳамвор, рангу бор ва гулкорӣ мекунад.
Машрабов дар наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии YouTube нашр шудаст, мегӯяд, шуғли ӯ заҳмати калонро талаб мекунад.
Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин
Ӯ гуфт, аз деҳаву ноҳияҳои дигар хоҳишмандони омӯхтани ин касб наздаш омада буданд, вале пас аз чанд муддат бинобар мушкилӣ аз идомаи таълим гирифтан даст кашиданд.
Табақи калонтарине, ки Машрабов омода намудааст, 1,5 метр буд. Ҳоло маҳсули дастранҷи хонаводаи Машрабов то Қирғизистону Русия расидааст.
Ин устои заҳматкаш мегӯяд, "муҳим нест, одам кадом касбро интихоб мекунад, балки муҳим ин аст, ки касбашро дӯст дорад".
"Агар шахс касбашро сидқан дӯст дорад, он гоҳ ӯ метавнад зиндагии худро беҳбуд бахшад.
Ҳоло ин хонавода ва чандин оилаҳои дигар, ки дар ҳамсоягӣ бо Машрабов зиндагӣ ва ҳамроҳи ӯ кор мекунанд, рисқу рузияшонро аз ин ҳисоб пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала