Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Вазорат аз 20 рӯзи нақшаи даъват гуфт: минтақаи камфаъол маълум шуд

© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБХизмат дар артиши Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ
Хизмат дар артиши Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Давоми 20 рӯзи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, нақша ҳудуди 80 дарсад иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷамъбасти 20 рӯзи нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.
Ба иттилои котиботи Вазорати мудофиа, дар 20 рӯзе, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ҷараён дорад, иҷрои нақшаи он дар мамлакат 80,5 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ВМКБ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро кард. Ҳамзамон, 4 навоҳии пойтахт низ рӯзи 10 апрел нақшаро иҷро карданд.
Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Вазорат гуфт, нақшаи даъват ба артиш 70% иҷро шуд
Манбаъ меафзояд, вилояти Суғд то ҳол 67 фисади нақшаро адо намудааст, ки ин рақам миёни вилояту шаҳрҳои Тоҷикистон камтарин аст.
Зимнан, нақшаи даъватро, ноҳияҳои тобеи марказ 91 дарсад ва вилояти Хатлон 79 фисад иҷро намуданд.
Феълан дар Тоҷикистон даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ҷараён дорад.
Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи артиш бо тартиби нав доир мешавад.
Беш аз нисф дар як ҳафта: вазорат гуфт, чанд фоизи нақшаи даъвати наваскарон иҷро шуд
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад.
Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0