Казакова гуфт, маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон кӣ таъсис медиҳад ва ҳадаф чист

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Бо кушода шудани маркази мазкур, муҳоҷирон имкон доранд барои гирифтани патент дар ватан як қатор ҳуҷҷатҳоро супоранд, вале худи варақа дар Русия ба онҳо дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия, Валинтина Казакова, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз таъсиси маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт.
Ба изҳори ин мақомдор, маркази муҳоҷират танҳо бо салоҳияти худи Тоҷикистон таъсис меёбад.
Хонум Казакова таъйид намуд, ки кушода шудани чунин марказ метавонад як қатор мушкилиҳои муҳоҷиронро ҳал кунад, аз ҷумла барасмиятдарории ҳузури муҳоҷиронро дар Русия соддатар хоҳад кард.
Заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Русия тасмим дорад бақайдгирии муҳоҷиронро осонтар кунад
Илова бар ин, муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Федератсияи Русия метавонанд барои гирифтани патент ва сабти иқомат дар ватан аксар ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.
Ҳамзамон, хонум Казакова гуфт, ташхиси тиббии муҳоҷирон ва маълумот дар бораи имкони вуруди онҳо ба қаламрави ин кишварро шарвандони Тоҷикистон метавонанд дар ватани худ гиранд ва ё дақиқ кунанд.
Аммо ӯ таъйид кард, ки ҳамаи ин масъалаҳо ҳоло аз ҷониби мақомдорони ду кишвар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар ояндаи наздик натиҷаи он маълум хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала