Афзоиши парвозҳо миёни Тошканду Душанбе: эълони вақт, тартиб ва талабот

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба иттилои ширкат, акнун парвозҳо ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд.
“Дар рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз шаҳри Душанбе соати 09:30, аз шаҳри Тошканд 11:50 ва дар рӯзҳои ҷумъа аз Душанбе 09:20, аз Тошканд 11:20 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки бар асоси талаботи ҷадиди ҷониби Ӯзбекистон кулли мусофирони аз дусола боло, ки вориди ин кишвар мешаванд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 ё худ PCR-тест дошта бошанд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки маълумотнома бояд 72 соат пеш аз вуруд ба Ӯзбекистон гирифта шуда бошад. Маълумотнома бояд бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад.

“Шахсоне, ки маълумотномаашон ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19-ро доранд ва ё натиҷаи санҷиши PCR-тесташон мусбат мебошад, ба парвоз роҳ дода намешаванд”, - таъкид шудааст дар иттилоия.

Ҳангоми вуруд ба Душанбе низ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба COVID-19, ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, зарур арзёбӣ гардид. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур зимни вуруд ба Тоҷикистон озод мебошанд.
Боинг-767 авиакомпании Uzbekistan Airways в аэропорту Домодедово. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
"Uzbekistan Airways" парвозҳо ба 9 кишварро коҳиш медиҳад
Барои хориҷиён, ба истиснои шаҳрвандони АМА, Туркия, Қазоқистон ва Русия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, ки аз ҷумла тариқи Тошканд ба Душанбе азми сафар доранд, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон бобати вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ низ зарур мебошад. Барои шаҳрвандони кишварҳои номбаршуда дар сурати вуруд тариқи роҳҳои ҳавоӣ иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон зарур нест.
Таъкид гардидааст, ки давоми парвоз барои мусофирон пӯшидани ниқоб ва дастпӯшҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ мебошад.
Чипта барои парвозҳои мазкур дар маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндагии ширкат дар Тошканд, ширкати “APG UZBEKISTAN” ва Ожонси алоқаи ҳавоӣ дастрас мебошад.
Лентаи хабарҳо
0