Аз рублу доллар то евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард

Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки арзиши рубл каме поин рафта, доллар дар ҳоли сукут ва евро боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1470 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби як доллари амрикоӣ бошад, мисли нишондоди охири ҳафтаи гузашта 11,3200 сомонӣ эълон шудааст.
Тибқи маълумоти таблоҳои расмии БМТ, асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз
як евро 13,6315 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1480 - 0,1500 сомонӣ муқаррар шудааст.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Мушкилӣ бо асъори хориҷӣ: Бонки миллӣ ба бозори арз мудохила мекунад
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1500 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1495 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала