Ровиёни "Биравем, бихӯрем" барои дастури ғизои болаззат ба Тоҷикистон парвоз карданд

Праздник дыни в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Барномаи шабакаи НТВ дар бораи саёҳат ва хӯрокҳои болаззат "Биравем, бихӯрем!" ба зиёрати Тоҷикистон рафтанд
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Гурӯҳи эҷодии Барномаи "Биёед, бихӯрем!", ки дар шабакаи телевизионии Русия НТВ пахш мешавад, ба наворгирии барномаи навбатӣ ба Тоҷикистон омаданд.
Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон роҳанзодӣ шуда, гурӯҳи наворбардорон то 24 апрел дар кишвар хоҳад монд.
Ровиёни лоиҳа - Федерико Арналди итолиёвӣ ва Габриелла Да Силва аллакай аз маҷмааи зебоманзари "Кохи Малика" дар Варзоб боздид карда ва таассуроташонро аз истиқболи гарми тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Мувофиқи сторисҳо дар Instagram, меҳмонони барномаро бо карнаю сурнай, нон ва намак пешвоз гирифтанд.
Сафар ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2016
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
То ҳол маълум нест, ровиён кадом навъи ғизои миллиро омода мекунанд, аммо маълум аст, ки гурӯҳ ба шаҳрҳои Норак ва Ҳисор сафар мекунанд.
Барномаи "Биравем, бихӯрем!" аллакай як маротиба дар моҳи октябри соли 2018 дар Тоҷикистон буд.
Барандаи лоиҳаи сайёҳии "Биравем, бихӯрем!" як бор аллакай ба Тоҷикистон сафар карда буд.
Он замон муҷрии лоиҳа Ҷон Уоррен ва овозхони маъруфи тоҷик Мадина Акназарова дар ҳавои тоза якчанд хӯрокҳои тоҷикӣ пухтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала